Хадяи Бухорои

Страна: Узбекистан

У меня с детства на поэзию большая любовь. Я с 16 лет пишу стихи. Моё первое книга вышло 2002 году («Ба хокат по ниҳам бо номи яздон»), второе 2006 году («Парвоз»), 3 книга 2008 году («Кишвари дил»), 4 книга 2010 году («Набзи зиндаги»), 5 книга 2011 году («Ишқи ҳастизо»), 6 книга 2014 году («Ситораи умед»), 7 книга 2017 году («Меьроч»), 8 книга 2019 году («Боргоҳи нур») произвидение вышли в Бухаре, 9 книга 2019 году в городе Душанбе опубликовано («Ҳазору як панд»). 10 книга 2022 году («Мачмўаи Ашьор») опубликовано в Бухаре. Кроме эти произведение мои стихотворение были опубликованы на журналы и книги во Франции(Париж), США (Нью-Йорк), Иран (Тегеран), Таджикистан (Душанбе).

Country: Uzbekistan

I have had a great love for poetry since childhood. I’ve been writing poetry since I was 16. My first book was published in 2002 («Ba hokat po niҳam bo nomi yazdon»), the second book in 2006 («Parvoz»), book 3 in 2008 («Kishwari dil»), book 4 in 2010 («Nabzi zindagi»), book 5 in 2011 («Ishqi ҳastizo»), Book 6 in 2014 («Sitorai Umed»), book 7 in 2017 («Meeroch»), book 8 in 2019 («Borgoҳi nur») the work was published in Bukhara, book 9 in 2019 was published in Dushanbe («Yazoru yak pand»). Book 10 2022 («Machmuai Ashior») was published in Bukhara. Besides these works my poems were published in magazines and books in France (Paris), USA (New York), Iran (Tehran), Tajikistan (Dushanbe).

Отрывок из сборника стихотворений “Мачмуаи ашьор”

ДИЛҶӮӢ  ДОРАМ

Орусон гулҷӯӣ дорам боғи ҳуснатро кушо,

Дидаат чӣ дилфиребу оразат чӣ дилрабо.

Дар фурӯғи чеҳраат иқбол мебинам аён,

Бар дилам ногуфта ой ҳамчун атое аз Худо.

Шӯхии гуфтори ту рози дарун бедор кунад,

Андар офоқи адаб хуршеди яктои само.

Чун шароб худҷӯшаму кайфи ҷавонӣ дар ман аст,

Мекашад ишқат зи коргоҳи хирад берун маро.

Абри осмони дилат бошам, биборам ишқи пок,

Ошиқон бисёрбахш, андапазиранд доимо.

Ноаён чун нури дида ҷонибат пар мекашам,

Бе ҳуруфу бе забон, шаҳри вуҷудатро кушо.

Оламе дорам, ки дар он оламӣ ҳеҷ аст маро,

Гар бихоҳӣ дони чист, бар олами ишқам даро.

Мағзи ҷонам мемаҷам меҳри фурӯзони туро,

Гуфтаҳоят дилрасу хотирнишин, дархост, баҷо.

Ҷонибат бе дасту по бодвор метозад дилам,

Шарбати гулқанди гуфторат ба қалбам аст даво.

Аз баҳори омадат ин дил гулистон мешавад,

Ман асири ҷаннати ишқу умедат, дилрабо.

Дар табиатгоҳи дил бонги тараб ҷӯш мезанад,

Савти чангу тор, рубобу арғунунворе наво.

Аз шакарқанди гули рухсори ту мастам зи ҷон,

Ахтари чашмони ту ахгар ба ҷонам карда ҷо.

Ҳадя дар боғи дилат бошам баҳори файздеҳ,

Вулкани эҳсос барангезам ба қалбат доимо.

Ишқи ту нофакушои боғи ашъори ман аст,

Ҳеҷ ҷои зиндагӣ бе ту надорад хушиҳо.

 

********************************

 

ОДАМГАРӢ

Умри ман бо бахшишу ҳар як хатоиҳо гуузашт.

Дар раҳи ҳар банду басту норасоиҳо гузашт.

Дардиҷонӣ медавам дар пойгаҳи рӯзгори худ,

То кунам ин зиндаҷонро бо камоли майл буд.

Қимату ҳар қадри одам хиради ӯро нишон,

Медиҳад ҳар гаҳ ба ҳар коревқу афкоре такон.

Аз паи маърифату илму камол бе ганҷ марав,

Меҳнати бисёр намоӣ ҳам нагирӣ дона ҷав.

Дурҷи хотир мегирад дар худ ҳама неку бадӣ,

Боварам нест мисли умрам бар касе одамгарӣ.

****************************

 

      ТАРҲИ  НАВ  АНДОЗ  БА ЗИСТ    

Анкабутони балобофи ҷаҳонӣ худсаранд.

Ин сиёҳкорон ҳаётро бар сиёҳӣ мебаранд.

Даҳри дунро меҳр кину нӯши он пурнеш будаст,

Домани дунёи бероҳа гирифтан мушкил аст.

Меҳри оламтоби дунё меҳвараш гум кард чунон,

Гулшани ҳастӣ ба гулхан додааст табдил ҳамон.

Бар фиреби душмани ғаддор мастона марав,

Бадгиёҳонро зи боғи дилкушо бинмо дарав.

Ҷунбиши гоҳвораи ҳастӣ ба ғафлат оварад,

Зодагони ин замонро куфру имон як бувад.

Зиндагии рӯякӣ надҳад таъми мағзи он,

Оқилӣ, хулоса кун ҳар як бадиву нағзи он.

Ҳар “ту”ву “ман” каҷҳисобонро ба ҷанг водор кунад,

Наъраи ғулғулфикан хезад, аҷал бедор кунад.

Рақси ҳар тӯпу туфанг вулқони ҷангу нохушист,

Баҳри муфлис дилкашу аз баҳри мӯнис ҷонкушист.

Абрҳои қатрадузд борони раҳмат оваранд,

Ин ҳама дуздони ваҳшӣ ҷангу офат офаранд.

Ин замон дар дасти пулдорони бемеҳри ҷаҳон,

Ақли куллро “тарбият” созанд муфлисон ҳамон.

Одамӣ ҳам пораи миръоти ин олам будаст,

Он чӣ дар дунё бувад дар одамӣ ҳам растааст.

Олами гардон бигардонад ҳар он як кишту кор,

Вируси оламгираш монад зи қудрат ҳам барор.

Бар ҳама кори  ҷаҳон ранги сиёсат додаанд,

Хонаободон ғами дилпорагон кай мекунанд?!

Беғамии лаҳзагӣ — ин умри зоеърафтааст,

Ҳар хатову ғафлати худро ба тақдир бастааст.

Ин фалак доираи гардиши санҷобфоми мост,

В-ин баҳори зиндагӣ пур аз шароби орзуҳост.

Таслими тақдир набошу тарҳи нав андоз ба зист,

Тарҳи нав дар зиндагӣ аз табъи гавҳарфоми мост.

Ҳар муросои замон бе меҳру ишқи пок нест,

Лаззати майхонааш бе ҷӯши шаҳди ток нест.

*************************************

 

ТАЛОШИ  ЗИНДАГӢ

Мефишонам донаи ашки равон аз абри ҷон,

Хонаи дил мекунам равшан зи нури дидагон.

Рӯзии ҳаррӯзаям чун рӯзи бозхост мерасад,

Аз ҷигар резам хуноби дил, ки ношодам ҳамон.

Ин ҳама ҷабру ситамҳои замон аз дасти ақл,

Рахнаҳои ҷони ман чун хонаи занбӯр аён.

Қадри илму хирадам аз зинати олам баланд,

Нағмаи мурғи хазонфасли ҷаҳони ман гарон.

Дар талоши баҳри ҳастӣ мавҷи саргардон шудам,

Бар тарозуи ҳаёт санги мувозинат нишон.

Умри хеш бастам ба пои мурғи фардои мурод,

Аз фарози салтанат хуршеди толеъ шуд  ниҳон.

Зарра ҳам то зиндагӣ ёбад, даву ғеч  мекунад,

Одамӣ баҳри маоши зиндагонӣ аст давон.

Мисли бӯи атри гул ҳар дилкашӣ гардад насиб,

Бишканад он дасти озоре , ки бар ҷон аст равон.

Абри найсон ғусли покӣ бар табиат медиҳад,

Зиндагӣ ҳамкорӣ дорад бо ҳар он як зиндаҷон.

**************************************

 

                   МОИЛАМ  БОШ

Маро шамъи шабистони дилам бош,

Мадори ҷисму ҷону омилам бош.

Чу оғӯши само бикшо дари дил,

Баҳори нашъабези манзилам бош.

Дили болкандаро болидан омӯз,

Дар ишқу ошиқӣ ту комилам бош.

Висоли бефироқӣ аз ту хоҳам,

Ҷаҳонбони ҷаҳонам, одилам бош.

Зи лаълат ханда резад,мавҷ аз дил.

Дар ин баҳри вуҷудам соҳилам бош.

Бирез нури назар монанди хуршед,

Зиёи зиндагиам, моилам бош.

Ту умри бебақоро бебаҳо кун,

Ту ёри дилнишину қобилам бош.

Ба марзи дил бикоштам тухми уммед,

Баҳори бехазони ҳосилам бош.

*********************************